Вазъи ситорашинос

Лоиқ Шералӣ

Вақте ки гӯш мекунам вазъи мунаҷҷиме

Аз зичи ахтарону қирони ситораҳо,

Аз ҷадвали нуҷуму ЗИ тақвими осмон;

Вақте ки ҳарф"мезанад ӯ аз харитае

З-авзои ахтарон;

Вақте ки сомеон

Бишнида ҳарфи Ӯ,

Кафкӯбӣ мекунанд,

Дилгир мешавам.

Берун ҷаҳида тунд Зи мобайни ҳозирон

Танҳо қадам зада шаби намрез, ҳар нафас

Аз зери осмони пурасрори пурҷило

Хомӯш бар ситораҳо

Наззора мекунам.

Жанр
Тарҷума

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо