Таббол, бизан!

Лоиқ Шералӣ

Шайпурзанон, занед шайпур!

Таббол, бизан базарбу пуршӯр!

Аз ҳар дару девор ба ҳар хона базӯрӣ бидароед,

Дар мадраса тадрису адаб қатъ намоед.

Гӯед ба домод, ки оғӯши тараб чист?

Бархез зи оғӯши арӯсат,

ки дигар ҷогаҳи шаб нест!

Гӯед ба фермер", ки ӯ шоба кунад дастгаҳашро,–

Бо тантанаю дамдама пуршӯр навозед!

Бебоку сарафрохта, мағрур навозед!

Шайгпурзанон, занед шайпур,

Таббол, бизан базарбу пурзӯр,

Дар кӯчаю бозор, ба ҳар деҳкадаю шаҳр!

Ӯ кист ба худ ҷойгаҳи хоб бигустурд?

Ҳайҳот! Дар он як нафас ором нахусбад!

Гӯед ба савдогару ҳаннот,

ки қаллобию ҷаллобӣ дигар бас!

Нотиқ сухани хеш ба поён нарасонда?

Ҳофиз насурудаст ҳанӯз авҷи тарона?

1Фермерс- соҳиб, иҷорадори корхона.

Дар додкада то ба кунун додваронро

Дар ҳифзи гунаҳнома талошеву ҷидоласт?

Пас табл занед тундтар боз!

Шайпур! Баланд ғҒулҒулЛ андоз!

Шайпуразанон, занед шайпур!

Таббол, бизан базарбу пуршӯр!

Бас маҷлису бас машварату панду насиҳат!

То чанд ба зории ду-се пир,

қи тарсанд зи ошӯби ҷавонон,

То чанд ба зории ду-се камдилу

Бас лоба дигар модарӣ гирьён!

Аз тахтаи тобут ҳама мурдаи навро,

К-омодаи гӯранд,

барангехта оред ба туғъён,

Бигзор бихезанд паи шӯришу исьён!

қиём аст дар овози туб

Оваҳ, чӣ қадар шӯру

шайпур!

Таббол, бизан баланду пуршӯр!

Жанр
Тарҷума

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо