Чаро ман шеър мегӯям?
Лоиқ Шералӣ
Чаро ман шеър мегӯям?
Барои он ки киштии ҳузарби ҳарбиеро, ки
шитобон пеши ман омад
Зи байни мавҷу тӯфонҳо,
кунам машҳур дар дунё?
Ва ё тасвир бинмоям шукӯҳи рӯзи деринро,
"Сафои имшаберо, ки фаро ояд?
Ғуруру ишваю савлатфурӯширо?
Ҷилою фарри шаҳри пуршаҳоматро?
Худовандам нигаҳ дорад а ин сон жожхоиҳо!
Фақат ман хостам гӯям,
ки дидам ман ду марди хоксореро,
Ба бандар, байни одамҳои бисъёре
зи ҳамдигар ҷудо гаштанд.
Яке, ин ҷо муқимӣ,
дӯсташро бӯса кард гуфт падрудаш,
Дигар, ёри мусофир,
бо алам оғӯш кард ӯрову роҳӣ шуд.
- Жанр
- Тарҷума
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 217