Хотира дар пушти расм

Лоиқ Шералӣ

Ин расми ёдгорест аз давраи ҷавонӣ

Аз рӯзгори ширин, аз даври камнишонӣ.

Он рӯз маст будам, масти хумори ёрон

Дил ёди ёр мекард дар синаям ниҳонӣ.

Эй дӯст, дида расмам, ҳар гаҳ ба хотират ор

Бебокии ҷавонӣ, шӯхию ҳазли бисёр...

Расмам намешавад пир, зеро ки ҷон надорад,

Хашму ғазаб надорад, з-ӯ нест ранҷу озор.

Дар зиндагонӣ аммо ранҷондаям туро ман

Бо амри меҳр буд он, на қасду қаҳри душман.

Ин расм тӯҳфа кардам, то ки маро бубахшӣ

Доғ аз дилат бигирӣ, бошӣ рафиқи дилбанд.

Ту меравӣ зи наздам, айшу нишот бо туст,

Хайр, эй рафиқи ҷонӣ, табъи кушод бо туст.

З-ин баъд ҳамдигарро бинем ё набинем

Ин расм ҳам салому ҳам хайрбод бо туст.

Эгё

Жанр
Шеър

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо