Духтари тоҷик
Лоиқ Шералӣ
Эй муаллим, сайди манро аз қафас озод кун.
(халқӣ)
Не, ту акнун, духтари тоҷик
Нестӣ сайд, нестам сайёд.
Розӣ бошӣ, бибӯсамат бо меҳр
Гар нахоҳӣ, намекунам фарёд.
Оташе, ки фаранҷиятро сӯхт
Бар дили ту ҳарорати нав дод.
Баҳри ту гӯшвори тилло сохт,
Ҷои занҷир, духтари озод,
Нест ҳаргиз ончунон оташ,
Ки дар он сӯхт пайкари Жанна!
Пайкари симгуну ҷонафзо,
Синаи поки ба ҳуррият ташна.
Омадӣ ту зи кунҷи кӯҳистон
Ҷуста-ҷуста ҳаёти ширинро.
Омадӣ то бубинӣ оламро,
Роҳи мақсуд то кунӣ пайдо.
Модари пири камхирад гуфтат,
Духтарам, чист суд аз хондан
Ҳаст як бурда нон дар ин ҷо ҳам,
Аз чӣ хоҳӣ ту хеш нохондан.
ДЭғфи дил «ед
Ин ғазалҳои кӯҳнаро боре
Гӯш нанмудӣ, омадӣ инҷо,
Даст деҳ, бод хонаат обод,
Бод пайдот бахти нопайдо.
Не, ту акнун, духтари тоҷик,
Нестӣ сайд, нестам сайёд.
Розӣ бошӣ, бибӯсамат бо меҳр
Гар нахоҳӣ, намекунам фарёд.
- Жанр
- Шеър
Нашрҳо
- 2006Девони дилсаҳ. 38