Бахт
Лоиқ Шералӣ
Шодам, аммо на он чунон шодам,
Ки бигӯям зи шодӣ мемирам.
Шодаму лек гаҳ-гаҳ аз ишқам
Мерасад ғам, малулу дилгирам.
Гар чунин лаҳза медиҳад дастам,
Ки шавам ман зи шодӣ шодимарг,
Розиям ман ба мурданам он гаҳ
Мурдан он гаҳ барои ман бахт аст.
- Жанр
- Шеър
Нашрҳо
- 2006Девони дилсаҳ. 14