Ситора
Лоиқ Шералӣ
Ситораҷон, Ситора,
Сӯям бикун назора.
Бар ман агар натобӣ,
Мемирам беситора.
Ситораҷон, Ситора,
Дар осмону замин
Туӣ ситораи ман.
Ситораҷон, Ситора,
Ту гулаки гулонӣ.
Бигзар аз нозу адо,
Мегузарад ҷавонӣ.
Ситораҷон, Ситора,
Бе ту таронаам нест.
Биё ба хонаи чашм,
Магӯ, ки хонаам нест.
Ситораҷон, Ситора,
Дилакам пора-пора.
Биё. бо ман вафо кун,
Дунё вафо надора...
Фғбони дил «уд»
- Жанр
- Шеър
Нашрҳо
- 2006Девони дилсаҳ. 479