Нури муҳаббат

Лоиқ Шералӣ

Зи роҳи орзуҳои ҷавонӣ

Ва ё сарманзили дури муҳаббат

Ту ногаҳ омадӣ дар рӯ ба рӯям,

Дилам равшан шуд аз нури муҳаббат.

Чароғон кардӣ як сӯ кулбаи ман,

Чароғон кардӣ як сӯ хонаи дил.

Чароғи кулбаам гоҳе бимирад,

Намирад шӯълаи кошонаи дил.

Саропоям дарахти сабзу пургул,

Ҷавониям гулистон шуд, гулистон.

Ба пойандозат, эй ишқи худодод

Гулафшонам, гулафшонам, гулафшон.

Чароғон кардӣ як сӯ кулбаи ман,

Чароғон кардӣ як сӯ хонаи дил.

Чароғи кулбаам гоҳе бимирад,

Намирад шӯълаи кошонаи ман.

Гар намебудӣ ту яктои дилам,

Кай чунин маҳбуби мардум мешудам?

Гар намебудӣ ту пайдои дилам,

Бе ту ман дар зиндагӣ гум мешудам.

Гар набошӣ, хона дорад бӯи ғам,

Гар ту бошӣ, хона дорад бӯи мушк.

Гар ту бошӣ, хок гирам, зар шавад.

Гар набошӣ, зар бигирам, хоки хушк...

Гар Зарафшон аст як рӯдеву бас,

Ту яке не, сад зарафшони манӣ.

Гар Зарафшон хушк гардад то Бухор,

Ту намехушкӣ, ту дар ҷони манӣ.

Ту гули боғи ҷавонии манӣ,

Ҷони ман бо ҷони ту омехтааст.

Ту мадори зиндагонии манӣ,

Дасти ман бар гарданат овехтаст.

Кӯдакони покзоду хандарӯ

Шукри иллаҳ, ҳамқади мову туянд.

Гар набошад сарватемон дар бисот,

Кӯдакомон сарвати мову туанд.

Дӯстон гӯянд гаҳ бо ҳазлу ҷид

Ҳамсари ту шоири олӣ шуда.

Худ ба худ мегӯӣ шояд зери лаб

Хона пур аз шишаи холӣ шуда.

Ғайри кафшу мӯзаҳои кандагӣ,

Ғайри ҷомашӯиву дӯзандагӣ,

Ғайри мастии ману дӯғу даранг

Ту чӣ дидӣ аз ҳаёту зиндагӣ?

Баъди он шабгардию рӯи туруш

Мастии пайдарпаю шармандагӣ.

Шишаи пур гар гузорӣ рӯи миз

Зиндагӣ пур мешавад аз зиндагӣ.

Ҳар якеро бо ҳазорон ранҷу таб

Парваридӣ ту зи тору пуди ҷон.

Дар ҷавониҳои фарзандони хеш

Ман туро ҳар лаҳза мебинам ҷавон.

Ғайри бори риштаҳои зиндагӣ

Шаддаи марҷон надорад гарданат.

Ман чӣ овардам, ки бахтат шод шуд,

Ҷои он миқдор бахт оварданат?

Андар ин дунёи бемаъниву пуч

Ту чӣ дидӣ ғайри мастиҳои ман?

Эй сарат аз санг бодо, ки бапост

Зиндагии бесару бепои ман.

Кошкӣ аз ҷумла гулҳои ҳаёт

Аз гули рӯят маро гулдаста бод.

Як сари мӯ то рамақ бошад маро,

Зиндагониям ба мӯят баста бод!

Кошкӣ то лаҳзаҳои вопасин

Зиндагиям пур зи дидори ту бод.

Гар зи ту андар ҷаҳони маргбор

Пештар мирам, худо ёри ту бод!

Жанр
Шеър

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо