Достони нотамом
Лоиқ Шералӣ
Оҳ, ин хат хати як ҷононест
Хондаму боз бихондам онро,
Охираш буд «фиристед ҷавоб!»
Буд вақте, ки нависандаи хат
Дӯст медошт маро аз дилу ҷон.
Рафт он давр, валекин мактуб
Хоб аз чашм париду дили ман
Боз дар ёди ҳамон ёр тапид.
Ҷустуҷӯ кард варо дар олам
Мисли онрӯза варо лек надид.
Боз аз пеши назар мегузарад
Тарҳи рӯяш, нигаҳаш, лаъли лабаш.
Боз бо чашми хаёлам дидам
Дар ҳамин лаҳза, дар ин нисфи шабаш.
Ана ман боз ба фармони хаёл
Лаби рӯд омадаму биншастам.
Шодам аз бӯсаю оғӯшу канор
Аз нигаҳҳои хумораш мастам.
Оҳ, мактуб, чаро дар дили шаб
Дари андӯҳ ба ман бикшодӣ.
Додӣ озору алам, доду фиғон
Ҳасрату сӯзи гаронам додӣ.
Фебони дил “Еуд»
Ҳамчунон сурати тифлӣ ту маро
Шоҳиди зиндагии бесудӣ.
Шоҳиди ишқи пушаймонгашта
Шоҳиди як нафаси масъудӣ.
Боз исто ту ба мобайни китоб
Шеъри ногуфта ба хонандаи ман!
То тасалло бидиҳӣ дар пирӣ
Назди он ёр гунаҳкорам ман
Рафт ӯ, ман нашудам з-ӯ ҷӯё.
Хайр, эй ёр, маро ёд макун
Бахш, эй ишк, гунаҳҳои маро!
Хонаям холист, наздам дӯст нест
Дӯстон рафтанд дӯш аз назди ман.
Иншабам танҳо, надорам сӯҳбате
Бо ягон ёру рафики хештан.
Хонаям гӯр аст гӯё, андар он
На садои хандае, на шодиест.
Гарчи мехоҳам бихандам сахт-сахт
Лек ҳазлу шӯхии онрӯза нест.
Менишинам хаставу зору малӯл
Аз ҷаҳон ҷуста тасаллие ба худ.
Бе шумо охир тасаллӣ нест, нест.
Дӯстон, ҳо дӯстони ҳамдилам
Ҳамзабонони дили ошуфтаям.
Тез-тез оед, огоҳам шавед,
Бе шумо ман мисраи ногуфтаям!
Тез-тез оед то дар рӯятон
Дар сухан, дар лутф, дар дидоратон,
Дар табассум, дар навозишҳоятон,
Дар нигоҳи гарму пурхумморатон,
Ман бубинам лаззати айёмро,
Лаззати ранҷу азоби хешро.
Ин қадар заҳмат вагарна баҳри чист,
Ин қадар ҳам дилфигориҳо чаро?
Бе шумо ман ҳастам, аммо нестам,
Нестам дар шодию дар хуррамӣ,
То шавад такрор базми оншаба
Давра ороед, пайвандон, даме!
Ӯғё чари
ее сСсСу
Сабзаям, сабзаи навнешзада аз дили хок,
Нури хуршеди фалак хостаму сабзидам.
Қасдам ин аст расонам сари худ бар афлок,
То ба ҳасрат наравад синаи пуруммедам.
Лек то он ки расонам сари худ бар хуршед
Зеби кокул шаваму ҳусни дигар омӯзам,
Боз хуршед, ки рӯёндаву додам умед,
Гӯядам: зиндагӣ бас, ист, туро месӯзам...
- Жанр
- Шеър
Нашрҳо
- 2006Девони дилсаҳ. 18