Во ҷавонӣ!

Лоиқ Шералӣ

Ба рӯи раҳ гули пажмурда дидам,

Лагадмол асту менолад ниҳонӣ:

Замоне зеби кокул будам, акнун...

Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ.

Бидидам нонпар аз боли кабӯтар,

Ба дасти модарам, бо безабонӣ

Ба рӯи нон зада ҳар гоҳ мегуфт:

Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ.

Дарахти пири бешохи қади раҳ,

Шунидам бо забони навҳахоне,

Ба ҳар як раҳгузар мегуфту мегуфт

Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ.

Ҷавонӣ, гарчи дар ҳар кори хайре,

Ба мисли панди Саъдӣ ҷовидонӣ,

Вале он кист, ки ҳар гаҳ нагӯяд:

Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ!

Аз кӯҳистонӣ, зи фасли кӯдакӣ

Кӯҳро дар синаят ҷо додаӣ,

Дар сари сад қуллаҳо по мондаӣ

Дил ба рози кӯҳҳо бикшодаӣ.

Дар сари сарчашма бозӣ кардаӣ

Рӯй дар оби мусаффо шустаӣ.

Дар булӯри об дида акси худ

Шеърхонӣ, шеърсозӣ кардаӣ.

Аз кӯҳистонӣ, дар он ҷо баҳр нест,

Ту суруди баҳрро нашнидаӣ.

Ту фақат дар чашмаҳои пурхурӯш

Саршавии баҳрҳоро дидаӣ.

Ту суруди баҳрро аз баҳр не

Аз суруди чашмаҳо бишнидаӣ.

Гимни лангардори бахти зиндаро.

Аз суруди кӯҳҳо бишнидаӣ.

Бо суруди кӯҳсори сарбаланд

Хотири дӯшизагон болондаӣ,

Сангро бо шеър. бо хуни ҷигар

Ҳамчунон гулбарги тар сабзондаӣ.

Шеърпардозӣ ба васфи кӯҳҳо

Хуб! Баски он хӯшомадгӯӣ нест

Чист охир пурсахотар ғайри кӯҳ.

Пойбасти қаср ғайри кӯҳ чист?

Кӯҳҳо дар чашми тифлонанд тифл

Кӯҳҳо дар чашми пиронанд пир.

Кӯҳҳо дар чашми шоир доимо

Рози пинҳонанд, дастонанду шеър.

Гӯӣ васфи кӯҳҳоро боз ҳам,

То туро гӯянд мардум кӯҳзод

Гӯӣ бо сӯзи дигар, сабки дигар,

То гувоҳи ҳастият сад рӯҳ бод!

Гӯӣ васфи кӯҳҳоро боз ҳам

Гӯӣ, то ки кӯҳ ҳам гӯё шавад,

Гӯӣ, то аз гармии шеъру суруд

Мӯмиё дар сангҳо пайдо шавад.

Он гули ёбоии кӯҳсорро

Хонагӣ кун, деҳ нишон бар мардумон,

То ки бошад зебу орои наве

Дар дами тирезаи ҳар хонадон.

Кӯҳҳоро дар суруди худ намо

Ҳамнавои қаҳ-қаҳи кабки дарӣ,

Зарраи фӯлод гир аз резасанг,

Теғ кун, охир худат оҳангарӣ!

Бо забони безабониҳои кӯҳ

Гӯй бо фардои нурафшон дуруд!

Жанр
Шеър

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо