Туӣ ҳамхонаю ҳамгӯри ошиқ
Лоиқ Шералӣ
Туӣ ҳамхонаю ҳамгӯри ошиқ,
Гули шодоби ҷашну сури ошиқ,
Туро диду надид ӯ сад ҷаҳонро,
Чӣ биноест чашми кӯри ошиқ!
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 332
- 1991Ману дарёсаҳ. 203
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 714
- 2011Девони замонсаҳ. 362