То ман зи ту, эй чархи фалак, ком нагирам
Лоиқ Шералӣ
То ман зи ту, эй чархи фалак, ком нагирам,
Аз сӯхтану сохтан ором нагирам.
Бас бо дили равшан бифурӯзам дили шабҳо,
То домани субҳе зи паи шом нагирам.
Гӯянд ба навъе гузарад умри дурӯза,
Умре, ки ба навъе гузарад, ном нагирам.
Аз шохи ту, эй боғи пур аз меваи даврон,
То пухта наафтад ба замин, хом нагирам.
Бо дарди ту бар хоки сияҳ меравам, эй шеър,
Гар хоки сиёҳе зи ту инъом нагирам.
1979
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 85
- 1991Ману дарёсаҳ. 96
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 572
- 2011Девони замонсаҳ. 94