Само буғзе ба дил дорад, ҳаво абрист, меборад.

Лоиқ Шералӣ

Само буғзе ба дил дорад, ҳаво абрист, меборад.

Дилам ғамгин, сарам вазнин, намедонам чӣ мефорад.

Фазои шаҳр хоколуд, рӯзи хокборон аст,

Ту гӯӣ дар ғами фарзонагон хоке ба сар дорад.

Ба рӯи турбати Айнӣ ғубор афсона мебофад,

Зи мижгонҳои сангинаш сиришки сард меборад.

Сари Бобои мо дар хорасанги сурх ҷовид аст,

Вале гоҳо ба ҳоли мо сари хорош мехорад.

Сари абрӯи Мирзо гарди раҳҳои сафарҳош аст,

Зи рӯи мармаринаш нури ҷовидона меборад.

Душанбе дар муҳити кӯҳҳои хомушу гӯё

Сари болотар аз ҳар кӯҳ мехоҳад, намеёрад.

Чу ҳар боре биандешам, ки ин ҷо хок хоҳам шуд,

Гиребони маро дасти хиҷолат сахт медорад.

1986

Жанр
Ғазал
Сол
1986 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо