Роҳи қуллаҳо

Лоиқ Шералӣ

Ҳар кӣ хоҳад бар баландиҳо барояд босубот,

Ҳар касе хоҳад гузорад по ба тори қуллаҳо,

Дар раҳи пурпечухам сӯи фарозиҳои кӯҳ

Мекунад таъзим доим, мешавад қаддаш дуто.

Лек чун поро ниҳад бар тори қулла бо азоб,

Мешавад қадди дутояш рост чун сарви равон.

Кӯҳ мисли пояи ҳайкал ба зери пои ӯ,

Ӯ чу ҳайкал ғолибу ҷовид дар болои он...

17.06.1966

Жанр
Шеър
Сол
1966

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо