Мароми рӯзгори ман

Лоиқ Шералӣ

На ҷамъи баргҳо афтода аз шох,

Аз онам зиндагӣ хуб асту зебо,

Ки андар синаи афгору пирам

Дили дардошное ҳасту шайдо.

Ба ҳар хурду бузургу пиру барно

Ҳамеша ҳамдилу ҳамрой ҳастам.

Қаринам бо тамоми навъи инсон,

Зи кӯтоҳӣ расад бар арш дастам.

Бубинам ҷумларо: баҳру бареро,

Бубинам паҳнаи ҳамвори дарё.

Бубинам ҳам пули ларзон, ки бошад.

Миёни ботлоқе чун гузаргоҳ

Бубинам баччагғон пинҳон дароянд

Ба боғе себдуздӣ гоҳу ногоҳ.

Бубинам пири дунёдидаеро,

Сухан гӯем аз ину он чу ҳамроз.

Бубинам роҳро,

асри навинро,

Бубинам моҳи маснӯъро ба парвоз.

Наям аз зиндағӣ андар канора,

Миёни ҳарбу зарби рӯзгорам.

Гувоҳам бар тамоми зарбу

тақсим,

Инони неку бад дар даст дорам.

Ба чашми марг пурдил бингарам рост,

Зи душворӣ натарсам номам – Инсон!

Миёни ҳарҷу марҷи зиндагонӣ

Нагардам ҳеҷ гоҳе ғарқ, ёрон.

Ман он донам, ки аз уқьёнуси давр

Ба ташвиқи замону хоҳиши дил

На бо заврақ чу заврақрон ба сабқат

Ба сар бояд гузаштан то ба соҳил.

Бубинам субҳи

Ба сӯяш роҳ бо сар меравам м

Қисмати бодом ин бошад мудом:

Мешукуфад боз мегардад хазон.

(С Аз аҷал дерест дар рӯи замин

С Рахт баста сад ҳазорон одамон

Баҳри чӣ сӯзему фарьёде кашем?!

Ман намегӯям дареғи мурдагон.

? о Дӯстон, сӯзед бар ман, чунки марг

ҷ м. Мебарад рӯзе маро ҳам ногаҳон...

Жанр
Тарҷума
Тарҷума аз
шоири рус

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо