Ман оҳ мекашам: чӣ шуд ақидаҳо, ақидаҳо?

Лоиқ Шералӣ

Ман оҳ мекашам: чӣ шуд ақидаҳо, ақидаҳо?

Ту оҳ мекашӣ: чӣ шуд ба ҷайб норасидаҳо?

Ман оҳ мекашам: чӣ шуд чакидаҳои хомаам?

Ту оҳ мекашӣ: чӣ шуд чакидаҳо, чакидаҳо?

Нома ба вазири ҳифзи муҳити зист

Вазири ғалларо гуфтам: бидеҳ орд,

Бигуфто: сабр кун, анбор холист.

Ту олиҳимматӣ, аз домани кӯҳ

Ба ман як тун ҳавои тоза бифрист.

Жанр
Дигар

Нашрҳо

Эзоҳот

  1. Қулла – ҷом, сабӯ.

Монандҳо

Шарҳҳо