Ҷомаи бухорӣ
Лоиқ Шералӣ
Ҳамчу як навҷавони хушқомат
Пешвои бузурги инсонҳо
Ҷомаи пурҷило ба тан пӯшид –
Ҳадьян мардуми Бухороро.
Гӯнё орзуи тоҷикон
Он замон ҷомаи амал пӯшид.
Пеши чашми Ленин аён гардид.
Бар ҷилою дурахши он ҷома
Пеши оина ӯ назар мекард.
Ҳамраҳи инқилобиён мағрур,
Гӯё аз Чорсӯ ғузар мекард.
Ҷомаи шоҳвори тоҷикӣ
Миру шаҳро кафан шуду бирбуд.
Лек он рӯз дар тани доҳӣ
Ҳамчу оғӯши гарми мардум буд.
Ҷомаи зарнигори тоҷикӣ
Бар қади пешво чунон зебид,
К-аз фараҳ, аз ниҳояти шодӣ
Андар он ҷома ӯ намегунҷид.
Ҷома пӯшид чун Ленин як дам,
Халқи моро зи нав муаззам кард.
Лаҳзае Инқилобу Ленинро
Ҷомаи тоҷикӣ муҷассам кард.
- Жанр
- Шеър
Нашрҳо
- 1984Рӯзи сафедсаҳ. 7