Гар баҳри тамаъ омадаӣ пеши дари ман

Лоиқ Шералӣ

Гар баҳри тамаъ омадаӣ пеши дари ман,

Лаб во макуну дур бирав аз назари ман.

Ман чун ту падарсӯхтаеро нашиносам,

Бархоста аз гӯр ҳам ояд падари ман.

Ман бе пули ту мегузарам аз пули дунё,

То мерасад аз хони ҳазар моҳазари ман.

Ман бар асари дӯғу дағои ту натозам,

То ҳаст ба дилҳо асароти асари ман.

Хокистари ту рӯи маро тира насозад,

То шуълаи сӯзанда фишонад шарари ман.

Симу зар агар аз дару боми ту биборад,

Шеъри дарӣ борад ҳаме аз бому дари ман.

1986

Жанр
Ғазал
Сол
1986 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо