Эй духтари нозанини давлат
Лоиқ Шералӣ
Эй духтари нозанини давлат,
Бегонаи худ, қарини давлат.
Як пора замин надоштӣ, лек
Хурдӣ ту ғами замини давлат.
Ожанги ҷабини ту фузун шуд
То чин нашавад ҷабини давлат.
Вомонда зи хештан, расидӣ,
Бар медалу ордени давлат.
Аз ҷодаи асли худ буридӣ
Дар ҷодаи “ростини” давлат.
Нокарда идора қисмататро,
Будӣ ту идорашини давлат.
Афрохта сад бинову мондӣ,
Якумр иҷорашини давлат...
1990
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1990
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 497