Чӣ ҳусни толеъу фархундафолӣ
Лоиқ Шералӣ
Чӣ ҳусни толеъу фархундафолӣ,
Ки аз дур омадӣ бо дилкашолӣ.
Дилам аз шеър холӣ буд, холӣ,
Зи боло омадӣ, эй шеъри олӣ!
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 153
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 736
- 2011Девони замонсаҳ. 374