Муборакбоди ишқ
Лоиқ Шералӣ
Дар тобу табат бинам, бехоби шабат бинам,
Ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳоли аҷабат бинам,
Доро шудаӣ, эй дил, ғамҳот муборак бод!
Аз санг шарар хоҳӣ, аз ёр назар хоҳӣ,
Аз мӯй мадад ҷӯӣ, аз ишқ асар хоҳӣ,
Бино шудаӣ, эй дил, пайдот муборак бод!
Лабрези ҳавасҳоӣ, саршори таманноӣ,
Дар сина намегунҷӣ аз шавқи дилорое,
Эҳё шудаӣ, эй дил, эҳёт муборак бод!
Паҳнои ҷаҳон гардӣ, пайдову ниҳон гардӣ,
Гаҳ сабзасифат рақсӣ, гаҳ барги хазон гардӣ,
“Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдот муборак бод!”
Туғёни дигар дорӣ, ҷавлони дигар дорӣ,
Сар мезанӣ дар сина, тӯфони дигар дорӣ,
Дарё шудаӣ, эй дил, дарёт муборак бод!
Гаҳ ҳоли ман омӯзӣ, гаҳ дар ғами худ сӯзӣ,
Гаҳ шуъла занӣ печон, то ҳастиям афрӯзӣ,
Зебо шудаӣ, эй дил, дунёт муборак бод!
1982
- Жанр
- Суруд
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1984Рӯзи сафедсаҳ. 77
- 1991Ману дарёсаҳ. 78
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 435
- 2006Девони дилсаҳ. 229
- 2011Девони замонсаҳ. 46
Эзоҳот
- Моли Шамси Табрезӣ.