Духтари ҳамсоя

Лоиқ Шералӣ

Гаҳ-гаҳ зи сари девор

Хандида назар мекард.

Гулхандаи тобонаш

Аз ишқ хабар мекард.

Подоши сабуриҳош

Бурданд ба дуриҳош.

Он духтари ҳамсоя

Баргашта намеоя.

Як милааш аз девор

Ин сӯй ҳамоил буд.

Як милаи ӯ гӯӣ

Дар ошиқӣ моил буд.

Подоши сабуриҳош

Бурданд ба дуриҳош.

Он духтари ҳамсоя

Баргашта намеоя.

Гоҳе зи сари девор

Як себча меафканд.

Гоҳе зи ҳаёти мо

Дуздона гуле меканд.

Подоши сабуриҳош

Бурданд ба дуриҳош.

Он духтари ҳамсоя

Баргашта намеоя.

Дар ҷашни арӯсияш

Сад машъала меафрӯхт

Сад машъала не, эй вой

Ҷону дили ман месӯхт...

Подоши сабуриҳош

Бурданд ба дуриҳош.

Он духтари ҳамсоя

Баргашта намеоя...

1997

Жанр
Шеър
Мавзӯъҳо
Ишқ
Сол
1997 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо