Бахти сафед
Лоиқ Шералӣ
Шеъри ман бӯи ту дорад,
Атри гесӯи ту дорад.
Мисраи пайвастаи ман
Ёди абрӯи ту дорад.
Ошиқи чашми туям, эй ҷони ҷони ҷони ман,
Беҳтарин, шевотарин, зеботарин армони ман.
Бе ту бахти ман ҷавон нест,
Шеърҳои ман равон нест.
Бе ҷаҳони ишқи покат
Ин ҷаҳон бар ман ҷаҳон нест.
Ошиқи чашми туям, эй ҷони ҷони ҷони ман,
Беҳтарин, рангинтарин, ширинтарин армони ман.
Аз ту ин рӯзи саидам,
Хандаи бахти сафедам.
Рӯи ту – рӯи саодат,
Чашми ту – чашми умедам.
Ошиқи чашми туям, эй ҷони ҷони ҷони ман,
Беҳтарин, олитарин, волотарин армони ман.
1986
- Жанр
- Суруд
- Сол
- 1986 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 446
- 2006Девони дилсаҳ. 402
- 2011Девони замонсаҳ. 61